Ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон хостанд, хабарнигорро озод кунад

Радиои Озодӣ

Се созмони ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, Далер Шарифов, хабарнигори мустақили тоҷикро, ки бо иттиҳоми ифротгароӣ боздошт шуд, фавран аз зиндон раҳо кунад. Созмони Авфи Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон ва Кумитаи Норвегии Ҳелсинки рӯзи 11-уми феврал бо нашри як баёнияи муштарак ҳамчунин аз мақомот хостаанд, тазмин бидиҳанд, ки бо Далер Шарифов бадрафторӣ сурат намегирад ва шиканҷа намешавад.

Хабарнигори 31-соларо рӯзи 28-уми январ дастгир карданд ва ӯро дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳ медоранд. Мақомоти интизомӣ ӯро “ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва динӣ” муттаҳам мекунанд. Иттиҳомоте, ки вакили дифоъ ва хешовандонаш беасос номидаанд.

Дар баёнияи ҳомиёни ҳуқуқ омадааст, Далер Шарифов, ки зуд-зуд масоили баҳсбарангез, ба мисли ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи мазҳабиро инъикос ва ҳукуматро барои сиёсатҳояш дар арсаҳо танқид мекард, зоҳиран барои ҳамин фаъолиятҳояш ба ҷиноят муттаҳам шудааст.

Бёрн Энгесланд, мудири кулли Кумитаи Норвегии Ҳелсинки дар ин баёния гуфтааст: “Тоҷикистон дар авҷи як буҳрони ҳуқуқи инсон аст. Дар ин ҷо мақомот тамоми мухолифон ва дигарандешонро нафасгир кардааст ва Далер Шарифов, яке аз хабарнигорони мустақили ангуштшумор дар дохили кишвар аст. Иттиҳомот ба зидди ӯ баёнгари беэҳтиромӣ ба озодии баён дар Тоҷикистон аст”.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврал бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, Далер Шарифов дар 6 соли гузашта "200 матлабу мақолаи дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ" нашр кардааст, ки "ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ равона шудаанд". Аммо вакили дифоаш ва ҳамсараш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Далер Шарифов ҳеҷ гуноҳе накардааст ва иддаоҳо асосе надоранд.

Дар баёнияи се созмони ҳомии ҳуқуқ омадааст, аз соли 2015 инҷониб вазъи ҳуқуқи инсон, мурооти ҳаққи мардум ба озодии баён бадтар шуд, мухолифонро саркӯб карданд ва фазо барои фаъолияти ҷомеаи маданӣ танг гашт. Дар идомаи баёния омадааст, “Дар Тоҷикистон анҷом додани таҳқиқоти журналистӣ ва ё нашри гузоришҳо дар бораи масоиле, ки мақомот “ҳассос” мешуморанд, тақрибан номумкин шудааст, чун амнияти хабарнигор ва хешовандони ӯ зери хатар мемонад”.

Дар ин баёния Бриҷит Дюфур, мудири созмони Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, Далер Шарифовро фавран озод кунад. Ӯ гуфтааст: “Мо аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунем, амнияти Далер Шарифовро кафолат бидиҳад, тамоми иттиҳомот ба зидди ӯро беэътибор ва худашро фавран раҳо кунад. Онҳо бояд замонат бидиҳанд, ки ӯ аз ҳаққи худ барои озодии баён истифода барад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...