Мусобиқаи волейбол байни бонувони вазорату идораҳо ба муносибати ҷашни Рӯзи модар

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ба таври шоиста ҷашн гирифтани иди Рӯзи модар қарор ба имзо расонид. Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, ба ин муносибат рӯзи 8 март дар бинои “Душанбе Плаза” вохӯрии занони пойтахт – собиқадорони ҷангу меҳнат бо насли нави бонувони шаҳр доир гардида, дар фарҷоми он […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ба таври шоиста ҷашн гирифтани иди Рӯзи модар қарор ба имзо расонид.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, ба ин муносибат рӯзи 8 март дар бинои “Душанбе Плаза” вохӯрии занони пойтахт – собиқадорони ҷангу меҳнат бо насли нави бонувони шаҳр доир гардида, дар фарҷоми он консерти идона баргузор мешавад.

Бо дастури раиси пойтахт пеш аз ид гурӯҳи кории шаҳрдорӣ ба аёдати занони собиқадори ҷангу меҳнат, ки дар рушди шаҳри Душанбе саҳми босазо гузоштаанд, занони яккаву танҳо ва пиронсол рафта, аз номи раиси шаҳр ба онҳо туҳфаҳо тақдим мекунад.

Ғайр аз ин, ба ифтихори ҷашн дастур дода шудааст, ки бо иштироки дастаҳои занонаи вазорату идораҳо мусобиқаи волейбол гузаронда шавад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми раиси шаҳри Душанбе тақдим мегардад.

Дар пойтахт то рӯзи 8 март таҳти унвони “Зан – оинаи ҳаёт”, “Зан – олиҳаи илму дониш” ва ғайра чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва фарҳангӣ баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.