Афзоиши яксони ҳосилу нархи сабзавоти гармхонаҳо дар Тоҷикистон

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар мавсими зимистони имсола то моҳи феврали соли равон дар гармхонаҳои Тоҷикистон наздики 400 тонна сабзавот парвариш ёфтааст, ки беш аз 255 тоннашро помидор ва 60 тоннаашро бодиринг ташкил медиҳанд. Дар ин бора Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Айни замон дар Тоҷикистон дар майдони ҳудуди 82,6 гектар гармхонаҳои доимо амалкунанда фаъолият доранд, ки нисбат ба соли гузашта 12,6 гектар зиёдтар аст.

Дар қисмати зиёди (48 га) майдони гармхонаҳо навъҳои тезпазаки помидор , дар ҳудуди 21 га – бодиринг ва 13,6 га – қаланфур, бодинҷон, дигар навъи сабзавоту кабудӣ парвариш карда мешавад.

Тавре Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, нуқтаҳои асосии фурӯши маҳсулоти гармхонаҳо Душанбе, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, нисбат ба соли гузашта имсол нархи сабзавоти гармхонаҳо каме баландтаранд. Кишоварзон инро ба болоравии нархи барқ ва хизматрасонии нақлиёт, ки ба афзоиши хароҷоти онҳо боис шудааст, нисбат медиҳанд.

Имрӯз дар бозорҳои кишвар 1 кило помидору бодиринг ҳар кадоме бо нархи 18-20 сомонӣ (соли гузашта – 16-18 сомонӣ) фурӯхта мешавад.

Арзиши сабзавоти гармхонаҳо дар Тоҷикистон яке аз баландтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ боқӣ мемонад.

Масалан, нархи помидори гармхона дар Русия ба ҳисоби миёна 2 доллар барои 1 кило, Украина – 1,32 доллар, Гурҷистон, Молдова, Қзоқистон ва Ӯзбекистон – ҳудуди 1,2-1,3 долларро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...