“Барқи тоҷик” имсол аз Афғонистон $70 млн даромад гирифтанист

ШСХК “Барқи тоҷик” соли равон ният дорад, ки аз ҳисоби интиқоли барқ ба Афғонистон наздики 70 млн доллар даромад ба даст орад. “Бо ширкати энергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat-и Афғонистон дар бораи соли ҷорӣ ба ин кишвар интиқол додани 1 млрд 588 млн кВт/соат нерӯи барқ созиш ҳосил кардем”, – хабар дод раиси “Барқи тоҷик” […]

ШСХК “Барқи тоҷик” соли равон ният дорад, ки аз ҳисоби интиқоли барқ ба Афғонистон наздики 70 млн доллар даромад ба даст орад.

“Бо ширкати энергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat-и Афғонистон дар бораи соли ҷорӣ ба ин кишвар интиқол додани 1 млрд 588 млн кВт/соат нерӯи барқ созиш ҳосил кардем”, – хабар дод раиси “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 12-уми феврал дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки тибқи созиши қаблан бо ширкати Афғонистон ҳосилшуда, арзиши барқ ҳамасола 3% боло меравад. Соли гузашта барқи Тоҷикистон барои Афғонистон 4,3 сент барои 1 кВт/соат нарх дошт.

Таъкид шуд, ки соли 2019 ба Афғонистон ба маблағи 60,6 млн доллар 1 млрд. 458,2 млн кВт/соат нерӯи барқ содирот шуд.

Дар мавриди имзои қарордод бо Ӯзбекистон дар бораи содироти барқ раиси ширкат изҳор дошт, ки ба гумони ғолиб, ин созишнома семоҳаи аввали соли ҷорӣ зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо мерасад.

Ба иттилои раиси ширкат, соли 2019 аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба маблағи 28,5 млн доллар 1 млрд 425,1 млн кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Зикр шуд, ки арзиши як киловатт нерӯи барқ барои Ӯзбекистон дар соли гузашта 2 сент муқаррар шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти “Барқи тоҷик”, арзиши аслии қувваи барқ, ки дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, 28 дирам (2,8 сент)-ро ташкил дода, аҳолӣ барои 1 киловатти он 22,66 дирам (2,3 сент) маблағ пардохт мекунад.

Содироти барқро ба Ӯзбекистон бо нархи пасттар аз арзиши аслӣ Исмоилзода чунин маънидод кард, ки айни замон кишвари ҳамсоя бо арзиши имтиёзнок ба Тоҷикистон гази табиӣ интиқол медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.