Мусобиқаи волейбол байни бонувони вазорату идораҳо ба муносибати ҷашни Рӯзи модар

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ба таври шоиста ҷашн гирифтани иди Рӯзи модар қарор ба имзо расонид.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, ба ин муносибат рӯзи 8 март дар бинои “Душанбе Плаза” вохӯрии занони пойтахт – собиқадорони ҷангу меҳнат бо насли нави бонувони шаҳр доир гардида, дар фарҷоми он консерти идона баргузор мешавад.

Бо дастури раиси пойтахт пеш аз ид гурӯҳи кории шаҳрдорӣ ба аёдати занони собиқадори ҷангу меҳнат, ки дар рушди шаҳри Душанбе саҳми босазо гузоштаанд, занони яккаву танҳо ва пиронсол рафта, аз номи раиси шаҳр ба онҳо туҳфаҳо тақдим мекунад.

Ғайр аз ин, ба ифтихори ҷашн дастур дода шудааст, ки бо иштироки дастаҳои занонаи вазорату идораҳо мусобиқаи волейбол гузаронда шавад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми раиси шаҳри Душанбе тақдим мегардад.

Дар пойтахт то рӯзи 8 март таҳти унвони “Зан – оинаи ҳаёт”, “Зан – олиҳаи илму дониш” ва ғайра чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва фарҳангӣ баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...