Дар минтақаҳои карантини Тоҷикистон 727 кас боқӣ монданд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Аз 1057 нафар шаҳрвандоне, ки баъди аз Чин ба Тоҷикистон омадан дар беморхонаҳои сироятии ҷумҳурӣ  ба карантин гирифта шуданд, 330 касро ба хонаҳояшон ҷавоб доданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳозир дар минтақаҳои карантини кишвар 727 кас боқӣ мондаанд.

“То имрӯз дар Тоҷикистон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар касоне, ки дар карантин қарор доранд, аломатҳои коронавирус мушоҳида нашуда, вазъи солимии ҳамаашон қаноатбахш мебошад. Пас аз 14 рӯзи нигаҳдорӣ дар карантин онҳо ба хонаҳояшон рафта метавонанд. Баъди ҷавоб шудан ҳам мо вазъи онҳоро зери назорат нигоҳ медорем”, – хабар доданд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз аз беморхонаи сироятии шаҳри Исфара 4 нафар ва рӯзи 16-уми феврал аз беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб 6 нафар, ҳамчунин  як рӯз пеш аз ин беморхона 29 нафар ҷавоб шудаанд.

Давоми рӯзҳои 14 ва 15 феврал аз беморхонаи сироятии маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе 236 нафар шаҳрвандони дар карантин қарордошта рухстӣ шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз беморхонаи мазкур хабар доданд, айни ҳол он ҷо ҳеҷ кас дар карантин қарор надошта, бемористони сироятии шаҳр ба қабули шаҳрвандони дигар омода аст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 13 ҳазор нусха маълумотнома ва тавсияҳои Созмони ҷаҳонии беҳдоштро оид ба коҳиши хатари сирояти коронавирус нашр ва тақсим кард.

“Ҳадаф аз ин иқдом ҳарчи бештар огоҳонидани аҳолӣ оид ба ин беморӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятшавӣ ба он мебошад”, – шарҳ доданд дар Вазорат.

Ҳамчунин корҳои омодасозии муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба ҳолати муайянсозии ин беморӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавирус миёни шаҳрвандони кишвар идома доранд.

Шуъбаҳои сироятии муассисаҳои тиббии кишвар шабонарӯзӣ фаъолият доранд ва ҳар як шахс метавонад аз ташхис гузарад. Чунин ташхис барои ҳама бепул мебошад. Ҳамчунин шаҳрвандони кишвар метавонанд ба шуъбаҳои сироятӣ занг зада, ба суолҳои худ дар бораи ин беморӣ посух гиранд.

Беморхонаҳои сироятӣ:

Душанбе – 907725432

Мурғоб – 935843770, 937036461

Хоруғ – 937335745

Исфара – (83462) 21843

Кӯлоб  –  985656567

Хуҷанд  –  (83422) 55450, 43911

Бохтар  –  (83462) 21843.

Аз ин маводи мо дар бораи аломатҳои коронавирус маълумоти муфассалтар пайдо карда метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...