“Хӯҷа-командир” ба Душанбе истирдод шудааст

Собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти халқии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе истирдод шуд. “Чанде қабл Хӯҷа Каримов аз Дубай ба Тоҷикистон истирдод шуд. Дар он ҷо ӯро бо дархости Тоҷикистон боздошт карданд. Айни замон ӯ дар Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (РМҶМ, УБОП) бозпурсӣ мешавад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як […]

Собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти халқии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе истирдод шуд.

“Чанде қабл Хӯҷа Каримов аз Дубай ба Тоҷикистон истирдод шуд. Дар он ҷо ӯро бо дархости Тоҷикистон боздошт карданд. Айни замон ӯ дар Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (РМҶМ, УБОП) бозпурсӣ мешавад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон, ки нахост ному насабаш ифшо гардад.

Дар бораи истирдоди ӯ расонаҳои дигар низ хабар доданд, вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳоло расман ин маълумотро тасдиқ накардаанд.

Моҳи августи соли гузашта ВАО дар бораи боздошти “Хӯҷа-командир” дар Дубай бо дархости ҳукумати Тоҷикистон иттилоот нашр шуд, лекин баъдан ӯро бо гирифтани забонхат оид ба тарк накардани маҳалли зист ҷавоб доданд. Он замон дар ВКД Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” ин маълумотро тасдиқ карда, изҳор дошта буданд, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон ҷиҳати истирдоди ӯ аз Дубай ба Душанбе ҳуҷҷат омода мекунанд.

Хӯҷа Каримов, бештар маъруф бо лақаби “Хӯҷа-командир” охири соли 2008 тариқи Интерпол мавриди ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ эълон шуд.

Он замон Тоҷикистон аз кишварҳои узви Интерпол дархост карда буд, ки дар ҷустуҷӯ, боздошт ва истирдоди гумонбар дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо, аз қабили куштор, тамаъҷӯӣ, ғоратгарӣ мусоидат кунанд.

Тибқи фарзияи дафтари Интерпол дар Тоҷикистон, он замон Хӯҷа Каримов дар қаламрави Малайзия қарор дошт.

Ёдрас мекунем, ки Хӯҷа Каримов фармондеҳи саҳроии “Фронти халқӣ” буд. Солҳои 1992-1993 ба ҳайси муовини аввали бригадаи махсуси Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва собиқ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон кор кардааст.

Моҳи ноябри соли 1998 ӯ дар бинои парлумон ба ҳабс гирифта шуд. Ба ӯ айбнома оид ба ташкили куштори вакилон Саидшо Шоев ва Тағай Шукуров пешниҳод гардид, аммо баъди чанде аз ҳабс озод шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.