ВКД Тоҷикистон шоҳидони ҷиноятҳои Хӯҷа Каримовро ба ҳамкорӣ даъват кард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар торнамои расмии худ бо нашри акс ва маълумоти кӯтоҳ истирдоди собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти халқии Тоҷикистон Хӯҷа Каримовро аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе тасдиқ кардааст.  “Дар натиҷаи ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо субъектони хориҷӣ шаҳрванд Хӯҷа Каримов дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дастгир карда шуда, 16-уми феврали соли […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар торнамои расмии худ бо нашри акс ва маълумоти кӯтоҳ истирдоди собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти халқии Тоҷикистон Хӯҷа Каримовро аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе тасдиқ кардааст. 

“Дар натиҷаи ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо субъектони хориҷӣ шаҳрванд Хӯҷа Каримов дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дастгир карда шуда, 16-уми феврали соли 2020 ба Тоҷикистон истирдод гардид”, – хабар додааст ВКД ҶТ.

Дар иттилои нашркардаи ВКД ҳамчунин омадааст: “Шаҳрванд Каримов Хӯҷа Раҳимович (Хӯҷа-командир) санаи 1-уми октябри соли 1960 дар деҳаи Қизил-қалъа, ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон таваллуд шудааст, барои содир кардани ҷиноятҳои бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон дар кофтукови расмӣ қарор дошт”.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар муроҷиати худ аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст: “Агар вобаста ба ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрванд Каримов Хӯҷа Раҳимович маълумот ва далеле доред ва ё мавриди амалҳои ҷинояткоронаи ӯ қарор гирифтаед, метавонед тавассути телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21, тариқи рақамҳои 227-10-07, 93-992-01-96 ба Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД муроҷиат намоед”.

Ёдрас мекунем, Хӯҷа Каримов фармондеҳи саҳроии “Фронти халқӣ” буда, солҳои 1992-1993 ба ҳайси муовини аввали бригадаи махсуси Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва собиқ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон кор кардааст.

Вай моҳи ноябри соли 1998 дар бинои парлумон ба ҳабс гирифта шуд. Ба ӯ айбнома оид ба ташкили куштори вакилон Саидшо Шоев ва Тағай Шукуров пешниҳод гардид, аммо баъди чанде аз ҳабс озод шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.