Арзиши маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон гарон шудааст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нарху тарифи хизматрасониҳо дар Тоҷикистон моҳи январи соли равон ба андозаи 0,6% боло рафтанд.

Тавре Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар муқоиса бо моҳи декабри соли 2019 арзиши молҳои озуқа ба андозаи 0,9%, молҳои ғайриозуқа – 0,2% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 0,3% зиёд шуданд.

Нархи чиҳо бештар афзуд?

Молҳои озуқа:

сабзавот – 8,7%;

мева – 4,3%;

гӯшт – 0,6%;

маҳсулоти нонӣ – 0,3%.

Молҳои ғайриозуқа:

маҳсулоти доруворӣ – 0,6%;

маводи шустушӯйӣ – 0,4%;

бензин – 0,2%.

Хизматрасонии пулакӣ:

Роҳкирои нақлиёти ҳавоӣ – 14,5%;

Маблағи пардохт дар кӯдакистон – 2,9%;

Хизматрасонии маишӣ – 0,2%.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки соли равон таваррумро дар сатҳи 7% нигоҳ дорад. Соли 2019 мизони таваррум 8%-ро ташкил дод.

Соли 2019 нархи маҳсулот чӣ қадар боло рафт?

Таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон соли гузашта ба нишондиҳандаи рекордӣ тайи ҳафт соли охир – 8% расид. Арзиши чиҳо аз ҳама бештар гарон шуд?

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...