Дастури бо ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба ҳаҷ фиристодани тоҷикистониён

Дар машварати корӣ бо ҳузури муовини сарвазири Тоҷикистон Ширин Исматуллозода масъалаи омодагӣ ба мавсими ҳаҷи имсола баррасӣ шуд. Дар машварат бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ба масоили тадорукоти мавсими “Ҳаҷ-2020” таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Муовини сарвази ҷумҳурӣ Ширин Исматуллозода, ки охири ҳафтаи гузашта ба ин мансаб таъин шуд, ба сохторҳои дахлдори ҳукумат дастур дод, ки  […]

Дар машварати корӣ бо ҳузури муовини сарвазири Тоҷикистон Ширин Исматуллозода масъалаи омодагӣ ба мавсими ҳаҷи имсола баррасӣ шуд.

Дар машварат бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ба масоили тадорукоти мавсими “Ҳаҷ-2020” таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Муовини сарвази ҷумҳурӣ Ширин Исматуллозода, ки охири ҳафтаи гузашта ба ин мансаб таъин шуд, ба сохторҳои дахлдори ҳукумат дастур дод, ки  зимни ташкили сафар ба ҳаҷ ва интихоби ҳоҷиёни оянда муқаррароти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва қоидаҳои шариати Ислом қатъиян риоя карда шаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазир таъкид дошт, ки барои равуои ҳоҷиёни оянда ба макони муқаддаси Ислом танҳо аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ истифода шавад.

Қобили зикр аст, ки соли 2019 Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба тоҷикистониён 5 ҳазор квота ҷудо кард. Арзиши адои маросими ҳаҷ дар соли гузашта 35138 сомонӣ (3713 доллар)-ро ташкил дод.

Дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоӣ – “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” фаъолият мекунанд. “Тоҷик Эйр” як ҳавопаймои коршоями Boeing 757-200 дорад, ки танҳо бо хатсайри Душанбе-Жуковский-Душанбе (ду маротиба дар як ҳафта) парвоз анҷом медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.