Ду муовини навтаъини сарвазири Тоҷикистон киҳоянд ва чикора буданд?

Раисҷумҳур бо фармонҳои худ имрӯз, 14-уми феврал Ширин Исматуллозода ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзодаро муовинони сарвазири Тоҷикистон таъин кард. Дар зер маълумоти бештар оид ба собиқаи кории ин ду мансабдор пешниҳод мешавад. Исматуллозода Ширин Исматулло 14-уми марти соли 1970 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, оиладор ва соҳиби маълумоти олӣ мебошад. Соли 1992 Университети давлатии Тоҷикистонро бо […]

Раисҷумҳур бо фармонҳои худ имрӯз, 14-уми феврал Ширин Исматуллозода ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзодаро муовинони сарвазири Тоҷикистон таъин кард. Дар зер маълумоти бештар оид ба собиқаи кории ин ду мансабдор пешниҳод мешавад.

Исматуллозода Ширин Исматулло

14-уми марти соли 1970 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, оиладор ва соҳиби маълумоти олӣ мебошад.

Соли 1992 Университети давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси забоншинос ва соли 2011 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Доктори илмҳои филологӣ, донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад.

1987-1992 – донишҷӯйи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин

1992-1994 – коромӯзи кафедраи таърихи забон ва типологияи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

1994-1997 – аспиранти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

1997-2000 – ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

2000-2006 – муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типологияи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

2006-2009 – муовини декани факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

2009 -2012 – сардори Раёсати илм ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

2012 -2014 – сарвари Муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг»-и Вазорати маорифи ҶТ

2014-2015 – муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Аз моҳи сентябри соли 2015 то 14-уми феврали соли 2020 сарвари Колеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ.

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбонзода

10-уми январи соли 1961 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Соҳиби маълумоти олӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ. Донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (бо луғат) мебошад.

Соли 1987 Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкандро бо ихтисоси муҳандис-заминсоз ва соли соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон мебошад.

Солҳои 1978-1980 – коргари совхози Ленини ноҳияи Данғара

Солҳои 1980-1982 – хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС, шаҳри Қазон, шаҳри Перм, Россия

Солҳои 1982-1987 – донишҷӯйи Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкент

Солҳои 1987-1989 – сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолобод

Солҳои 1989-1993 – раиси кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара

Солҳои 1978-1980 – коргари совхози Ленини ноҳияи Данғара

Солҳои 1980-1982 – хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Қазон, шаҳри Перм, Россия

Солҳои 1982-1987 – донишҷӯйи Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошканд

Солҳои 1987-1989 – сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолобод

Солҳои 1989-1993 – раиси кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара

Солҳои 1993-1995 – раиси кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон

Солҳои 1995-2000 – муовини Вазири ҳифзи табиати ҶТ, шаҳри Душанбе

Солҳои 2000-2001 – раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати ҶТ, шаҳри Душанбе

Солҳои 2001-2006 – раиси Кумитаи давлатии заминсозии ҶТ, шаҳри Душанбе

Солҳои 2006-2008 – директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҶТ

Солҳои 2008-2010 – муовини раиси вилояти Суғд

Солҳои 2010-2013 – раиси шаҳри Турсунзода

Солҳои 2013-2019 – раиси вилояти Хатлон

Аз моҳи январи соли 2019 то 14-уми феврали 2020 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.