Моҳи аввали баҳор тоҷикистониён 14 рӯз истироҳат мекунанд

Дар моҳи марти соли равон бо назардошти ҷашнҳои Рӯзи модар ва Наврӯз сокинони Тоҷикистон 14 рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар дод. Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи […]

Дар моҳи марти соли равон бо назардошти ҷашнҳои Рӯзи модар ва Наврӯз сокинони Тоҷикистон 14 рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар дод.

Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад.

Масалан, ҷашни Рӯзи модар имсол ба рӯзи якшанбе рост меояд ва бинбар ин, рӯзи душанбеи ин ҳафта, 9 март низ рӯзи истироҳат аст.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон расман аз 21 то 24 март таҷлил гардида, ин рӯзҳо (21, 22, 23 ва 24 март) истироҳат эълон шудааст.

Имсол рӯзҳои 21 ва 22 март ба рӯзҳои истироҳати шанбе ва якшанбеи ҳафта рост меоянд, аз ин рӯ, тоҷикистониён рӯзҳои 25 ва 26 март низ истироҳат мекунанд.

Ҳамин тариқ бо назардошти рӯзҳои ид ва истироҳат имсол шаҳрвандони Тоҷикистон дар моҳи март 14 рӯз: 1, 7,  8, 9, 14, 15, 21, 22, 23, 24, 25, 26, 28 ва 29-ум истироҳат мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.