Баррасии вазъи театр ва драматургияи тоҷик

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Масъулини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон якҷо бо роҳбарон ва ҳунарпешаҳои театрҳои касбӣ, драматургон, коргардонҳо ва мунаққидон вазъи имрӯзаи театр ва драматургия тоҷикро баррасӣ кардаанд.

Ин ҷаласа рӯзи 18-уми феврал бо роҳбарии муовини якуми вазири фарҳанг Обидҷон Назариён баргузор шудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти вазорати мазкур.

Дар он мавзӯъҳои мубрами фаъолияти театрҳо, аз ҷумла, мушкилоти драматургияи тоҷик дар замони Истиқлолият, ҷустуҷӯ ва ковишҳо дар асарҳои драмавии имрӯза, репертуари театрҳои кишвар, инчунин мақоми драматургия дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиёни ҷаласа оид ба мушкилоти театр ва зарурати таҳияи асарҳои барҷастае, ки муаммоҳои мубрами ҳаёти имрӯза ва дастовардҳои солҳои истиқлолиятро инъикос кунанд, ҳарф заданд. Зимнан пешниҳод гардидааст, ки байни драматургон ва коргардонҳо минбаъд ҳамкории зич роҳандозӣ шуда, намояндаи бахши драматургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба шӯрои бадеии театрии Вазорати фарҳанг шомил карда шавад.

Таъсиси нашрияи театрӣ ва баргузории фестивалҳои байнулмилалии театрӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи таклифҳои дигаре буданд, ки зимни ҷаласа баён шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...