Тоҷикистон раводид барои хориҷиёнро то 60 рӯз дароз кард

Дар нишасти матбуотии рӯзи 18-уми феврал вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба рӯзноманигорон хабар дод, ки шаҳрвандони хориҷӣ акнун метавонанд ба муҳлати 60 рӯз раводид (виза)-и Тоҷикистонро гиранд. Ба гуфтаи ӯ, қаблан хориҷиён тариқи раводид то 45 рӯзи тақвимӣ дар Тоҷикистон ҳузур дошта метавонистанд. “Ҳафтаи гузашта сарвари давлат дар ин хусус санади дахлдор имзо кард. […]

Дар нишасти матбуотии рӯзи 18-уми феврал вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба рӯзноманигорон хабар дод, ки шаҳрвандони хориҷӣ акнун метавонанд ба муҳлати 60 рӯз раводид (виза)-и Тоҷикистонро гиранд.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан хориҷиён тариқи раводид то 45 рӯзи тақвимӣ дар Тоҷикистон ҳузур дошта метавонистанд.

“Ҳафтаи гузашта сарвари давлат дар ин хусус санади дахлдор имзо кард. Раводид ба муҳлати то 90 рӯз дода мешавад, лекин шаҳрванди хориҷӣ танҳо 60 рӯз дар Тоҷикистон қарор дошта метавонанд”, – иттилоъ дод вазири корҳои хориҷӣ.

Вай афзуд, арзиши раводиди яккарата ба муҳлати мазкур 30 доллар ва бисёркарата 50 долларро ташкил хоҳад дод.

Вазир ҳамчунин изҳор дошт, боз ду санади дигар, ки дар онҳо додани раводид ба муҳлати 3 сол ба собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон ва ба муҳлати 5 сол ба сармоягузорони иқтисоди кишвар пешбинӣ шудааст, дар вазорату идораҳои марбута мавриди баррасӣ қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки зимни ироаи паём ба парлумон сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ВКХ Тоҷикистон дастур дод, ба ҳамаи хориҷиёне, ки ба иқтисоди Тоҷикистон на камтар аз 1 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ мекунанд, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди бисёркаратаи 5-сола дода шавад.

Ғайр аз ин раисҷумҳур супориш дод, ки ба зодагони Тоҷикистон, ки дар дигар кишварҳо зиндагӣ мекунанд, раводидҳои дарозмуҳлат дода шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.