Тоҷикистон раводид барои хориҷиёнро то 60 рӯз дароз кард

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар нишасти матбуотии рӯзи 18-уми феврал вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба рӯзноманигорон хабар дод, ки шаҳрвандони хориҷӣ акнун метавонанд ба муҳлати 60 рӯз раводид (виза)-и Тоҷикистонро гиранд.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан хориҷиён тариқи раводид то 45 рӯзи тақвимӣ дар Тоҷикистон ҳузур дошта метавонистанд.

“Ҳафтаи гузашта сарвари давлат дар ин хусус санади дахлдор имзо кард. Раводид ба муҳлати то 90 рӯз дода мешавад, лекин шаҳрванди хориҷӣ танҳо 60 рӯз дар Тоҷикистон қарор дошта метавонанд”, – иттилоъ дод вазири корҳои хориҷӣ.

Вай афзуд, арзиши раводиди яккарата ба муҳлати мазкур 30 доллар ва бисёркарата 50 долларро ташкил хоҳад дод.

Вазир ҳамчунин изҳор дошт, боз ду санади дигар, ки дар онҳо додани раводид ба муҳлати 3 сол ба собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон ва ба муҳлати 5 сол ба сармоягузорони иқтисоди кишвар пешбинӣ шудааст, дар вазорату идораҳои марбута мавриди баррасӣ қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки зимни ироаи паём ба парлумон сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ВКХ Тоҷикистон дастур дод, ба ҳамаи хориҷиёне, ки ба иқтисоди Тоҷикистон на камтар аз 1 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ мекунанд, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди бисёркаратаи 5-сола дода шавад.

Ғайр аз ин раисҷумҳур супориш дод, ки ба зодагони Тоҷикистон, ки дар дигар кишварҳо зиндагӣ мекунанд, раводидҳои дарозмуҳлат дода шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...