Ба вакилони парлумон аз чиҳо арзу шикоят мекунанд?

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Соли гузашта 5 ҳазору 736 нафар шаҳрвандони кишвар бо арзу шикоят ва дархости кумак ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Муроҷиатҳои интихобкунандагон ба вакилон хаттиву шифоҳӣ ва тариқи занги телефону интернет ворид шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод, мардум бештар аз кори соҳаи иҷтимоӣ ва мақомоти адлия арзу шикоят мекунанд.

“Дар навбати аввал, аз норасоии манзил, ҷудо нашудани қитъаи замин барои сохтмони он, маблағи ночизи нафақа ва кумакпулиҳо, дастрасӣ надоштан ба доруворӣ шикоятҳо ворид шуданд, – мегӯяд ӯ. – Сипас норозигӣ аз кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо. Одамон аз боздоштҳои ғайриқонунӣ ба ақидаи онҳо, ҳукмҳои ниҳоят сахти судӣ, тақсими беадолатонаи амвол ҳангоми ҷудошавии оилаҳо ва ғайра шикоят карданд”.

Ӯ таъкид дошт, ки муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон баррасӣ ва дар доираи салоҳиятҳои вакилон ҷиҳати омӯзиш ва чораҷӯйӣ ба сохторҳои ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристода шудаанд.

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Саидҷаъфар Усмонзода ба хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки аксари муроҷиатҳои шахсан ба ӯ расида бештар ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон, гирифтани қитъаи замин барои сохтмони манзил ва тақсими амвол ҳангоми ҷудошавии оилаҳо дахл доштанд.

“Бисёре аз маъбон ҳайронанд, ки чаро онҳоро бе ягон сабаб аз як гурӯҳи маъюбӣ ба гурӯҳи дигари кумакпулиаш камтар гузаронидаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки вазъи солимии онҳо беҳтар нашуда, баръакс, бад мешавад”, – қайд кард ӯ.

Вакили парлумон зикр кард, ки аксарият аз масъалаи гирифтани қитъаи замин барои сохтмони манзил дар ташвишанд.

“Одамон дар заминҳои серҳосили наздик ба хешовандонашон қитъа гирифтаниянд, – иброз дошт ӯ. – Дар шароити Тоҷикистон, ки ҳар як пораи замини ҳосилхез ба тилло баробар аст, ин кор ғайриимкон мебошад”, – таъкид дошт Усмонзода.

Ӯ дар мавриди бисёр будани арзу шикоятҳо аз тақсими амвол ҳангоми ҷудошавии оилаҳо низ изҳори назар кард. Ба ақидаи вакил, дар ҷомеаи Тоҷикистон ин масъала хеле ҳассосу рӯзмарра аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...