Си Ҷинпин ба таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Чин изҳори омодагӣ кард

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо ирсоли барқия ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои изҳори дастгирӣ дар раванди муборизаи Чин бо хуруҷи илтиҳоби шуш, ки шакли нави коронавирус боиси он шудааст, изҳори сипос кардааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Си Ҷинпин аз ҷумла омадааст, ки имрӯзҳо мардуми Чин таҳти роҳбарии ҳукумати кишвар бар зидди эпидемияи […]

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо ирсоли барқия ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои изҳори дастгирӣ дар раванди муборизаи Чин бо хуруҷи илтиҳоби шуш, ки шакли нави коронавирус боиси он шудааст, изҳори сипос кардааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Си Ҷинпин аз ҷумла омадааст, ки имрӯзҳо мардуми Чин таҳти роҳбарии ҳукумати кишвар бар зидди эпидемияи илтиҳоби шуш мубориза бурда истодааст.

Мо боварии комил, қувваю тавоноии кофӣ ва эътимоди амиқ дорем, ки дар ин мубориза бо мақсади пешгирии эпидемия ғолиб меоем", – навишта шудааст дар барқия.

“Моҳи июни соли сипаришуда мо дар шаҳри Душанбе суҳбату мулоқотҳои дӯстона доштем ва доир ба муносибатҳои Чину Тоҷикистон ва рушди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳори андеша намуда, муносибатҳои ду кишварро ба марҳалаи нави рушду шукуфоии якҷоя ворид кардем. Ман ба густариши муносиботҳо миёни Чин ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса дода, омодаам бо Шумо минбаъд низ баҳри тақвият бахшидан ва рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои Чин ва Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва рифоҳи кишварҳоямон дар робитаи наздик бошам”, – изҳор доштааст Си Ҷинпин.

Дар фарҷоми барқия ба Эмомалӣ Раҳмон саломативу дар корҳо комёбӣ ва ба мардуми Тоҷикистон хушбахтиву амонӣ таманно шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.