Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ноиби президенти IFC мулоқот кард

Asia-Plus

Имрӯз, 20-уми феврал раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ Георгина Бейкерро ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Корпоратсияи байнулмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти намояндагии Корпоратсияро дар Тоҷикистон қаноатбахш арзёбӣ карда, гуфтааст: “Манфиатдори рушди минбаъдаи шарикӣ бо он ҳастем”.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар соҳаҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои молия, савдо, телекоммуникатсия, агробизнес ва пешбурди фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ муҳокима карданд.

Таъкид гардид, ки идомаи ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти низоми бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор, иҷозатномадиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор низ барои таҳкими робитаҳо дар оянда пурсамар хоҳад буд.

Дар ҷараёни мулоқот Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва таъсири омилҳои беруна ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ баррасӣ шуда, таъмини инкишофи бозорҳои молиявӣ, зерсохтори энергетикиву истеҳсолӣ, соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, маблағгузории соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла, дар бахши кишоварзӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдаст, инчунин зиёд кардани қарз барои занони соҳибкор муҳим шумурда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...