Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ноиби президенти IFC мулоқот кард

Имрӯз, 20-уми феврал раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ Георгина Бейкерро ба ҳузур пазируфт. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Корпоратсияи байнулмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти намояндагии Корпоратсияро дар Тоҷикистон қаноатбахш арзёбӣ карда, гуфтааст: “Манфиатдори рушди […]

Имрӯз, 20-уми феврал раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ Георгина Бейкерро ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Корпоратсияи байнулмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти намояндагии Корпоратсияро дар Тоҷикистон қаноатбахш арзёбӣ карда, гуфтааст: “Манфиатдори рушди минбаъдаи шарикӣ бо он ҳастем”.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар соҳаҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои молия, савдо, телекоммуникатсия, агробизнес ва пешбурди фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ муҳокима карданд.

Таъкид гардид, ки идомаи ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти низоми бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор, иҷозатномадиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор низ барои таҳкими робитаҳо дар оянда пурсамар хоҳад буд.

Дар ҷараёни мулоқот Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва таъсири омилҳои беруна ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ баррасӣ шуда, таъмини инкишофи бозорҳои молиявӣ, зерсохтори энергетикиву истеҳсолӣ, соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, маблағгузории соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла, дар бахши кишоварзӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдаст, инчунин зиёд кардани қарз барои занони соҳибкор муҳим шумурда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.