Бозгашти собиқ узви “Гурӯҳи 24” ба Тоҷикистон. Ӯ авф шуд (ислоҳшуда)

Баҳманёр Надиров, Asia-Plus

Собиқ узви “Гурӯҳи 24” ва муовини раиси Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон Собир Валиев 20-уми феврал дар саҳифаи фейсбукии худ аз бозгашташ ба Ватан хабар дод.

Моҳи октябри соли 2014 Суди олии Тоҷикистон созмони “Гуруӯҳи 24”-ро ифротгаро (экстремистӣ) эътироф кард.

Дар Тоҷикистон Собир Валиевро ба содир кардани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 307 (1) ва 307 (2), қ.1 КҶ ҶТ – даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ ва таъсиси ҷамъияти ифротгароӣ айбдор медонистанд.

Аммо дар маводи саҳифаи фейсбукии Собир Валиев акси мактуби ВКД аз 20-уми феврал гузошта шудааст, ки дар он оид ба авфи ӯ маълумот ба назар мерасад.

Дар навишта қайд мешавад, ки бозгашти ихтиёрии ӯ ба Ватан бо мусоидати бевоситаи Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон сурат гирифтааст.

“Санаи имрӯза рамзист – 20.02.2020, маҳз ҳамин рӯз дар бораи қатъи ҳама гуна таъқибот нисбат ба ман хабар расид. Аз дӯстонам беҳад сипосгузорам, ки ба тақдири ман бетараф набуданд. Хеле умедворам, ки ба кишвар ва мардуми худ фоида оварда метавонам. Худро дар Ватан хеле хушбахт ҳис мекунам. Намедонам, тақдир бошад ё сеҳри рақамҳо, қазоват бар шумост”, – навиштааст Валиев.

Ӯ ҳамчунин ваъда додааст, ки ояндаи наздик дар пахши мустақим дар бораи бозгашташ муфассалтар суҳбат хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки Собир Валиев 11-уми августи соли 2015 бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар фурудгоҳи пойтахти Молодова боздошт шуд. Он замон зикр гардида буд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Молдова барои истирдоди ӯ бастаи ҳуҷҷатҳоро аз Душанбе мунтазиранд. Аммо суди Кишинёв ӯро озод карда, палатаи апеллятсионии суди Молдова боздошти Собир Валиевро ғайриқонунӣ арзёбӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, 8-уми сентябри соли 2015 Кумитаи Норвегии Хелсинкӣ ва Ассотсиатсияи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ аз ҳукуматҳои Беларус ва Молдова даъват карданд, ки Собир Валиевро ба ихтиёри Тоҷикистон надиҳанд.

Муддати тамоми ин солҳо дар куҷо будани Собир Валиев маълум нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...