Саидқул Билолов ва Давлатманд Холов аз вазифа барканор шуданд

Сарояндагони шинохтаи кишвар Саидқул Билолов аз роҳбарии ансамбли “Дарё” ва Давлатманд Холов аз роҳбарии ансамбли “Фалак” озод карда шуданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ дод. “Саидқул Билолов ва Давлатманд Холов, ки ансамблҳои давлатии “Дарё” ва “Фалак”-ро аз замони таъсиси онҳо роҳбарӣ мекарданд, бо сабаби ба нафақа […]

Сарояндагони шинохтаи кишвар Саидқул Билолов аз роҳбарии ансамбли “Дарё” ва Давлатманд Холов аз роҳбарии ансамбли “Фалак” озод карда шуданд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ дод. “Саидқул Билолов ва Давлатманд Холов, ки ансамблҳои давлатии “Дарё” ва “Фалак”-ро аз замони таъсиси онҳо роҳбарӣ мекарданд, бо сабаби ба нафақа баромадан аз мақомҳояшон барканор шуданд”, – гуфт ӯ.

Бино ба иттилои манбаъ, оҳангсоз Фарҳод Зикиров роҳбари бадеии ансамбли “Дарё” ва сароянда Носир Сафаров роҳбари бадеии ансамбли “Фалак” таъин шуданд.

Ансамбли давлатии “Дарё” моҳи майи соли 1989 дар назди Кумитаи телевизион ва радио таъсис ёфтааст. Роҳбарии онро аз рӯзи таъсис то имрӯз Саидқул Билолов ба уҳда дошт. 

Дар ин ансамбл сарояндагон Лола Азизова, Қурбоналӣ Абдуллоев, Нигина Амонқулова, Бунафша Шокирова ва дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ансамбли “Фалак” 20-уми июли соли 1989 бо роҳбари ҳунарпешаи мардумӣ Давлатманд Холов дар назди Вазорати фарҳанги ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар он ҳунармондон Абдураззоқ Абдуалимов, Фотима Машрабова, Шуҳрат Сайнаков, Фарзона Шодиева, Шоҳин Абдуллоев ва дигарон фаъолият доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.