Сарвазири Тоҷикистон роҳбари «Salini Impregilo»-ро ба ҳузур пазируфт

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода роҳбари ширкати итолиёвии «Salini Impregilo» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфт. Тавре котиботи сарвазири ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории ҷонибҳо дар сохтмони сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили сатҳу сифати корҳои сохтмон дар иншоот табодули назар карда, таъмини иҷрои саривақтии корҳои лоиҳавиро дар иншоот таъкид доштанд. […]

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода роҳбари ширкати итолиёвии «Salini Impregilo» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфт.

Тавре котиботи сарвазири ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории ҷонибҳо дар сохтмони сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили сатҳу сифати корҳои сохтмон дар иншоот табодули назар карда, таъмини иҷрои саривақтии корҳои лоиҳавиро дар иншоот таъкид доштанд.

Ширкати итолиёвии «Salini Impregilo» ба корҳои бунёди сарбанди нерӯгоҳи Роғун охири моҳи октябри соли 2016 шурӯъ кард.

Ба ҷуз ин ширкати итолиёвӣ, дар сохтмони иншоот беш аз 70 ширкати паймонкорони фаръӣ аз Эрону Русия, Чину Олмон ва дигар кишварҳо кор мекунанд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, сармояи оинномавии ҶСК “НБО Роғун” айни замон 27 млрд 760 млн сомониро ташкил медиҳад: 97,1% саҳмияҳо (ба маблағи беш аз 26,9 млрд сомонӣ) ба давлат ва 2,9% (ба маблағи 799,9 млн. сомонӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тааллуқ доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.