Ҳалокати раиси додгоҳи Истаравшан дар садамаи нақлиёт

Раиси суди шаҳри Истаравшан Содиқҷон Ваҳҳобзода  шаби гузашта бар асари як садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳалокат расид. Бино ба иттилои КҲФ, мошини "Опел", ки раиси додгоҳ савори он буд, ба Дулани канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа 2 мусофири сабукрав фавтида, 2 нафари дигар дар бемористони Истаравшан бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудаанд. Ин ҳодиса шаби гузашта соати 21:05 […]

Раиси суди шаҳри Истаравшан Содиқҷон Ваҳҳобзода  шаби гузашта бар асари як садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои КҲФ, мошини "Опел", ки раиси додгоҳ савори он буд, ба Дулани канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа 2 мусофири сабукрав фавтида, 2 нафари дигар дар бемористони Истаравшан бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудаанд.

Ин ҳодиса шаби гузашта соати 21:05 дақиқа дар километри 185-уми наздикии деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон рух додааст. Ронандаи "Опел" Ҷамшед Ҳасанов, сокини 42-солаи шаҳри Истаравшан аз уҳдаи нигаҳдории мошин набаромадааст ва он ба Дулане, ки дар канори роҳ меистод, бархӯрдааст.

Як нафари дигаре, ки ба ҳалокат расид, сокини 35-солаи деҳаи Фирдавсии ноҳияи Истаравшан Исроилҷон Ваҳҳобов будааст.

Содиқҷон Ваҳҳобзода 12-уми декабри соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд озод ва раиси суди шаҳри Истаравшан таъин шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.