Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати Лавров ба Маскав меравад

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзҳои 24-25 феврал бо даъвати вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари расмӣ аз Маскав боздид мекунад. Тавре хабаргузории РИА Новости бо истинод ба намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова иттилоъ медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили рӯзмарраи байнулмилалӣ табодули назар карда, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро, […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзҳои 24-25 феврал бо даъвати вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари расмӣ аз Маскав боздид мекунад.

Тавре хабаргузории РИА Новости бо истинод ба намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова иттилоъ медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили рӯзмарраи байнулмилалӣ табодули назар карда, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро, ки бар асоси шарикии стратегӣ бо такя ба иҷрои қарордодҳои ҳосилшуда аз рӯйи натиҷаи сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Маскав дар моҳи апрели соли 2019 роҳандозӣ шудаанд, баррасӣ мекунанд.

Дар брифинги рӯзи 20-уми феврал Захарова қайд кардааст, ки дар ҷараёни гуфтушунид ба масоили пешбурди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии онҳо дар ҷаҳорчӯби ИДМ, СААД ва СҲШ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

“Ҷонибҳо доир ба ҳолати таъмини амният дар минтақа, вазъи ҷорӣ дар Афғонистон, ҳамкориҳои зиддитеррористӣ ва бар зидди маводи нашъаовар суҳбат мекунанд. Дар доираи сафар инчунин имзои барномаи ҳамкории мутақобила байни вазоратҳо барои соли 2020 дар назар аст”, – афзудааст Захарова.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.