“Эстафетаи Ғалаба” дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон

Asia-Plus

Маросими аз сарҳадбонони Қирғизистон ба марзбонони Тоҷикистон додани рамзи “Эстафетаи Ғалаба” аввали моҳи май дар постгоҳи назоратии “Қизил Арт” дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Қӯшунҳои сарҳадиии КДАМ Тоҷикистон хабар дод.

Рамзи “Эстафетаи Ғалаба” аз дидбонгоҳи сарҳадии Мурғоб ба Хоруғ оварда шуда, дар ин ҷо чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили консерту вохӯриҳо бо ҷавонон баргузор мешавад. “Эстафетаи Ғалаба” минбаъд ба дидбонгоҳи сарҳадии Дарвоз бурда шуда, сипас ба Душанбе оварда мешавад ва ба ин муносибат дар Боғи Ғалабаи пойтахт чорабиниҳои оммавии ҳарбӣ-ватандӯстӣ доир мегарданд. Сипас рамзи “Эстафетаи Ғалаба” ба сарҳадбонони Ӯзбекистон супорида мешавад.

“Эстафетаи Ғалаба” аз ҷониби сарҳадбонони Русия ба ифтихори 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ роҳандозӣ шудааст. Он 5-уми феврал аз шаҳрҳои Брест ва Мурманск оғоз гардида, бо ду хатсайр тариқи ҳудуди Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Арманистон мегузарад.

Рамзҳои эстафета дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби гурӯҳҳо дар қаламрави ҳамаи кишварҳои иштирокдори ин иқдом ба ҳамдигар дода мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки “Эстафетаи Ғалаба” бо қарори сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва пешниҳоди Шӯрои фармондеҳони қӯшунаҳои сарҳадии кишварҳои узви ИДМ гузаронида мешавад. Он рӯзи 28-уми май дар Поклонная гораи шаҳри Маскав ба охир мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...