Оғози фаъолияти сафири нави Афғонистон дар Тоҷикистон

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар нусхаи эътимодномаро ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супорид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбарро бо таъйин шуданаш ба вазифаи пурмасъул табрик гуфта, ба ӯ дар ҷодаи  рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муваффақият таманно […]

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар нусхаи эътимодномаро ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбарро бо таъйин шуданаш ба вазифаи пурмасъул табрик гуфта, ба ӯ дар ҷодаи  рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муваффақият таманно кард.

“Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла, таҳкими ҳамкориҳои наздисарҳадиро баррасӣ намуда, нақшаҳоро барои ояндаи наздик муайян карданд”, – омадааст дар хабари ВКХ.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот атрофи мавзӯъҳои ҳамкории минтақавӣ ва роҳҳои фаъолтар кардани кори абзори дуҷониба, аз қабили комиссияҳои байниҳукуматии ду кишвар табодули назар сурат пазируфт.

Сафири нави Афғонистон дар Тоҷикистон ба ҷойи Залмай Юнусӣ, ки ҳанӯз моҳи майи соли 2018 мансабашро тарк карда буд, таъин шуд.

Маълум аст, ки генерал-лейтенанти артиши Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар замоне ба ҳайси роҳбари Кумитаи олимпии Афғонистон ва консули генералии ин кишвар дар Мюнхен (Олмон) ифои вазифа кардааст.

Муҳаммад Зоҳир Ағбар соли 1964 дар маркази вилояти Нангарҳор таваллуд шудааст. Падари ӯ Муинуддин ба сифати афсари ҳукуматӣ хизмат карда, писарашро ҳам ба ин роҳ ҳидоят намудааст. Аз ин рӯ, Зоҳир Ағбар пас аз хатми синфи 9 ба омӯзишгоҳи ҳарбӣ дохил шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.