Ба ифтихори 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзи 21 феврал дар ҳудуди Гвардияи миллии кишвар дар Душанбе бо иштироки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузашти низомӣ доир гардид.
Дар гузашт беш аз 8 ҳазор нафар сарбозону афсарони сохторҳои қудратии кишвар ширкат варзиданд. Гузашт таҳти фармондеҳии вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-полковник Шералӣ Мирзо баргузор шуд. Ҳамчунин техникаи ҳарбии артиши Тоҷикистон намоиш дода шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарбозону афсарони артишро таҳният гуфта, сипас гузашти низомӣ доир гардид.
https://www.youtube.com/watch?v=6hNk6A4zuck
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





