Қарзҳои гарони бонкӣ ба рушди саноат монеа эҷод мекунанд

Дар ҷаласаи байниидоравӣ, ки охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе доир гардид, масъалаи барқарор кардани кори корхонаҳои аз фаъолият бозмонда баррасӣ шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода нимаи моҳи феврал ба сохторҳои дахлдор супориш дода буд, ки дар мавриди ҳарчи зудтар бакорандозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда […]

Дар ҷаласаи байниидоравӣ, ки охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе доир гардид, масъалаи барқарор кардани кори корхонаҳои аз фаъолият бозмонда баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода нимаи моҳи феврал ба сохторҳои дахлдор супориш дода буд, ки дар мавриди ҳарчи зудтар бакорандозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда тадбирҳо андешида шаванд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа вазири саноат ва технологияҳоинави кишвар Заробиддин Файзуллозода омилҳои асосиеро номбар кард, ки ба рушди баланди соҳаи саноати кишвар монеа эҷод мекунанд.

Вазир дар навбати аввал ба норасоии маблағҳои гардишии корхонаҳо ва фоизи нисбатан баланди қарзҳои бонкӣ ишора кард.

Ҳамчунин ӯ фарсудашавии таҷҳизоти саноатию кишоварзӣ, сатҳи нокифояи рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи саноати коркард, норасоии мутахассисони баландихтисос ба монанди менеҷерони сатҳи болоӣ ва дараҷаи миёна, сатҳи нокифояи ҳамкориҳои дохилисоҳавӣ, байнисоҳавию байниминтақавӣ, рушд наёфтани муносибатҳои кластерӣ ва дигар омилҳоро зикр кард.

Дар рафти ҷаласа пешниҳодҳои иштирокдорон шунида шуда, бо назардошти баррасии масъалаҳои ҷойдошта ва тасмиму хулосабарории ҳолати кунунии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат, соли гузашта 149 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмондаанд.

Аз ҷумла, 45 корхона муфлис шуда, дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд, 43 корхона бо сабаби мушкилоти молиявӣ, қарзҳо аз пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет фаъолият карда натавонистанд.

Боз 29 корхонаи саноатӣ бинобар сабаби рақобатнопазирӣ ё мавҷуд набудани ашёи хом барои истеҳсолот кор накардаанд.

Ғайр аз ин, 23 корхона ба иллати фарсудашавии таҷҳизот ва 9 корхона бо сабаби дарёфт карда натавонистани иҷозатнома барои истихроҷи канданиҳои фоиданок амал накарданд.

Гуфта мешавад, соли 2019 дар Тоҷикистон ба сурати умум 2164 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда вуҷуд доштанд.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта 219 корхона ва коргоҳи саноатии нав ба кор даромаданд, аз ҷумла, дар бахши мошинсозӣ 38-то, саноати сабук – 53, истеҳсоли масолеҳи сохтмон – 50, саноати хӯрокворӣ – 62, саноати кӯҳкорӣ – 2 ва саноати истихроҷи ангишт – 1 корхона.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.