4 медали гуштингирони тоҷик дар Чемпионати Осиё

Варзишгорони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин, ки аз 18 то 23-юми феврал дар шаҳри Деҳлии пойтахти Ҳиндустон ҷараён гирифт, соҳиби 4 медал шуданд. Дар ин чемпионат аз рӯйи се равия – гуштини тарзи озод, гуштини юнонӣ-римӣ ва гуштини бонувон 275 варзишгар аз 24 кишвари қораи Осиё иштирок доштанд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии […]

Варзишгорони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин, ки аз 18 то 23-юми феврал дар шаҳри Деҳлии пойтахти Ҳиндустон ҷараён гирифт, соҳиби 4 медал шуданд.

Дар ин чемпионат аз рӯйи се равия – гуштини тарзи озод, гуштини юнонӣ-римӣ ва гуштини бонувон 275 варзишгар аз 24 кишвари қораи Осиё иштирок доштанд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар рӯзи охири мусобиқа Муҳаммад Икромов дар вазни 61 кг медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар чорякфинал бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҷиҳон Юн ва дар нимфинал бар варзишгари Ҷопон Риуто Сакакӣ ғолибият ба даст оварда, дар финал аз намояндаи Қирғизистон Улукбек Жолдошбеков мағлуб гардид.

Қаблан Ҳикматулло Воҳидов дар вазни 57 кг-и гуштини озод медали нуқра, Искандари Рустам дар вазни 97кг-и гуштини озод ва Мубинҷон Ахмедов дар вазни 63кг-и гуштини юнонӣ-римӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Тоҷикистонро 15 варзишгар – ҳафтнафарӣ аз рӯйи равияҳои гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, як нафар дар гуштини бонувон намояндагӣ карданд.

Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони Ҷопон бо 15 медал (8 тилло, 5 нуқра, 2 биринҷӣ) ҷойи аввал, Эрон бо 17 медал (7-4-6) мақоми дуюм ва Ҳиндустон бо 21 медал (6-5-10) мавқеи сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо ду медали нуқра ва 2 биринҷӣ миёни 24 кишвари иштирокчӣ ҷойи нуҳумро ишғол кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.