Даъвати СҶТ ҷиҳати омодагӣ ба “пандемияи имконпазир”-и коронавирус

Asia-Plus

Зимни брифинг дар Женева сарвари кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Адханом Гебрейсус изҳор доштааст, ки хуруҷи коронавирус алҳол пандемия (бемории ҳамагир) нест, аммо ба он табдил ёфтанаш “имкон дорад”. Дар ин бора Коммерсант хабар медиҳад.

“Мо бояд ба пешгирии паҳншавии он таваҷҷуҳ зоҳир карда, тамоми имконотро истифода барем, то ки ба пандемияи имконпазир омода бошем”, – афзудааст Гебрейсус.

Ёдрас мекунем, ки аввалин ҳолатҳои сирояти коронавируси COVID-19 моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин ба қайд гирифта шуданд.

Тибқи шарҳи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, пандемия паҳншавии бемории нав дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад.

Тибқи маълумоти Созмон, дар берун аз ҳудуди Чин аллакай дар 28 кишвар 2074 ҳолати сирояти COVID-19 ва 23 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Дар кишварҳои Итолиё, Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ паҳншавии нисбатан зиёди коронавирус мушоҳида шудааст.

Тибқи маълумоти ахир, дар Чин бар асари  коронавирус аз 77 ҳазор ҳолати тасдиқшудаи сироятёбӣ 2 592 нафар вафот карданд.

Тавре нашрияи South China Morning Post менависад, то рӯзи 24-уми феврал теъдоди сироятёфтагони коронавирус дар саросари ҷаҳон 79,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҷаҳон (ба ҷуз ҳудуди қоравии Чин) шумори сироятёфтагон дар як шабонарӯз 416 нафар зиёд шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...