Даъвати СҶТ ҷиҳати омодагӣ ба “пандемияи имконпазир”-и коронавирус

Зимни брифинг дар Женева сарвари кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Адханом Гебрейсус изҳор доштааст, ки хуруҷи коронавирус алҳол пандемия (бемории ҳамагир) нест, аммо ба он табдил ёфтанаш “имкон дорад”. Дар ин бора Коммерсант хабар медиҳад. “Мо бояд ба пешгирии паҳншавии он таваҷҷуҳ зоҳир карда, тамоми имконотро истифода барем, то ки ба пандемияи имконпазир омода бошем”, – афзудааст […]

Зимни брифинг дар Женева сарвари кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Адханом Гебрейсус изҳор доштааст, ки хуруҷи коронавирус алҳол пандемия (бемории ҳамагир) нест, аммо ба он табдил ёфтанаш “имкон дорад”. Дар ин бора Коммерсант хабар медиҳад.

“Мо бояд ба пешгирии паҳншавии он таваҷҷуҳ зоҳир карда, тамоми имконотро истифода барем, то ки ба пандемияи имконпазир омода бошем”, – афзудааст Гебрейсус.

Ёдрас мекунем, ки аввалин ҳолатҳои сирояти коронавируси COVID-19 моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин ба қайд гирифта шуданд.

Тибқи шарҳи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, пандемия паҳншавии бемории нав дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад.

Тибқи маълумоти Созмон, дар берун аз ҳудуди Чин аллакай дар 28 кишвар 2074 ҳолати сирояти COVID-19 ва 23 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Дар кишварҳои Итолиё, Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ паҳншавии нисбатан зиёди коронавирус мушоҳида шудааст.

Тибқи маълумоти ахир, дар Чин бар асари  коронавирус аз 77 ҳазор ҳолати тасдиқшудаи сироятёбӣ 2 592 нафар вафот карданд.

Тавре нашрияи South China Morning Post менависад, то рӯзи 24-уми феврал теъдоди сироятёфтагони коронавирус дар саросари ҷаҳон 79,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҷаҳон (ба ҷуз ҳудуди қоравии Чин) шумори сироятёфтагон дар як шабонарӯз 416 нафар зиёд шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...