Муовини вазири беҳдошти Эрон гирифтори коронавирус шудааст

Asia-Plus

Ираҷ Ҳарирчӣ, муовини вазири беҳдошти Эрон гуфт, ки ташхиси ӯ ба коронавирус натиҷаи мусбат дорад. Дар ин бора хабаргузории ИРНА иттилоъ додааст.

“Ман ҳам коронаӣ шудам. Ман аз дирӯз таб доштам, тести аввалиям охири шаб мусбат шуд… Чанд дақиқа пеш ба ман гуфтанд, ки тести ниҳоӣ қатъӣ шудааст. Дармонро шурӯъ мекунам. Ҳоли умумиям бад нест, хубам. Як миқдор кӯфтагӣ дорам. Таб доштам, ки иншоаллоҳ, кам мешавад… Мутмаин бошед, ки мо коронаро шикаст медиҳем. Ин вирус фақиру ғаниро намешиносад, масъулу ғайримасъулро намешиносад. Мумкин аст, теъдодеро мубтало кунад. Дармони муассир барояш дорем. Мувозиби худатон бошед”, – изҳор дошт Ираҷ Ҳарирчӣ дар муроҷиати видеоӣ ба шаҳрвандони Эрон.

Бино ба иттилои Parstoday, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон Киёнӯши Ҷаҳонпур эълом кард, теъдоди ҷонбохтагони мубтало ба вируси “корона” дар Эрон ба 15 тан расид.

Ӯ рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, то кунун 95 нафар дар Эрон ба таври қатъӣ ба вируси “корона” мубтало шудаанд.

Густариши “коронавирус” дар моҳи декабри соли 2019 аз шаҳри Вуҳани устони Ҳубей, шарқи Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ваҳшӣ будааст. Ин вирус акнун илова бар 30 устони Чин ба беш аз 30 кишвари дигар, аз ҷумла, Эрон, Амрико, Бритониё, Австралия, Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Канада, Фаронса, Амороти Муттаҳидаи Араб ва ғайра паҳн шудааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 80 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 27 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва зиёда аз 2700 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...