Ба худкушӣ расонидани зан барои поксозии рақам аз хотираи телефон

Як сокини ноҳияи Спитамен барои лату кӯби шадид ва ба худкушӣ расонидани завҷааш ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, 1-уми августи соли 2019 аз соати 2 то 4-и шаб Абдуллоева П.М. аз ҷониби Мамаҷонзода М. бинобар пок кардани рақами телефони мобилии “Фарангис” ном духтар аз хотираи телефон зери лату кӯби шадид қарор гирифтааст. Духтари […]

Як сокини ноҳияи Спитамен барои лату кӯби шадид ва ба худкушӣ расонидани завҷааш ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, 1-уми августи соли 2019 аз соати 2 то 4-и шаб Абдуллоева П.М. аз ҷониби Мамаҷонзода М. бинобар пок кардани рақами телефони мобилии “Фарангис” ном духтар аз хотираи телефон зери лату кӯби шадид қарор гирифтааст. Духтари мазкур дӯсти шавҳараш буда, онҳо тавассути “Вайбер” 31-уми июли ҳамон сол суҳбат кардаанд.

Абдуллоева аз ин муомилаи бераҳмона ва паст задани шаъну шарафаш аз тарафи шавҳар тоб наоварда, маҳлули сирко истеъмол карда, сӯиқасд ба худкӯшӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки Мамаҷонзода моҳи январи соли 2019 дар асоси ақди никоҳи мусулмонӣ бо шаҳрванд Абдуллоева оила барпо кардааст. Ӯ дар давоми зиндагии якҷо мунтазам нисбат ба ҳамсараш муносибати бераҳмона карда, ӯро зери лату кӯб қарор дода, шаъну шарафашро паст задааст.

Прокурори ноҳияи Спитамен нисбат ба Мамаҷонзода бо моддаи 109-и КҶ ҶТ (Ба худкушӣ расонидан) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба суд фиристодааст. 

Мамаҷонзода бо ҳукми суди ноҳияи Спитамен гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 5 сол таъин гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.