“Сомон Эйр” шумори хатсайрҳоро ба Деҳлӣ зиёд мекунад

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз 26-уми феврал хатсайри дуюмро дар самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе роҳандозӣ мекунад. Тавре аз хадамоти матбуоти ширкат хабар доданд, парвозҳо дар самти мазкур ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе бо ҳавопаймои Боинг 737 иҷро мешаванд. Ёдрас мекунем, ки ҳавопаймои ин ширкат парвози аввалини худро ба Деҳлӣ 1-уми декабри соли 2019 анҷом дод, ки тавассути он […]

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз 26-уми феврал хатсайри дуюмро дар самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе роҳандозӣ мекунад.

Тавре аз хадамоти матбуоти ширкат хабар доданд, парвозҳо дар самти мазкур ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе бо ҳавопаймои Боинг 737 иҷро мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ҳавопаймои ин ширкат парвози аввалини худро ба Деҳлӣ 1-уми декабри соли 2019 анҷом дод, ки тавассути он 107 нафар аз Душанбе ба Деҳлӣ сафар карданд.

Гуфта мешавад, вақти парвоз аз Душанбе – 08:30, фуруд дар Деҳлӣ – 11:30 ба вақти маҳаллӣ. Вақти парвоз аз Деҳлӣ – 13:10, фуруд дар Душанбе – 15:20 ба вақти маҳаллӣ. Давомнокии парвоз 2 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.

Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900, инчунин чархболи Airbus H125 иборат мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.