Ҳалокати 4 узви хонавода бар асари сӯхтор дар Суғд

Субҳи имрӯз, 25-уми феврал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бар асари сӯхтор дар манзили истиқоматӣ 4 узви як хонавода ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилои КҲФ, ин сӯхтор соати тахминан 03:04 дақиқа дар яке аз хонаҳои истиқоматии ҷамоати Ёва ба амал омад. Гуфта мешавад, кормандони Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ дар муддати кӯтоҳ оташи азимро хомӯш карданд, вале натавонистанд […]

Субҳи имрӯз, 25-уми феврал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бар асари сӯхтор дар манзили истиқоматӣ 4 узви як хонавода ба ҳалокат расиданд.

Тибқи иттилои КҲФ, ин сӯхтор соати тахминан 03:04 дақиқа дар яке аз хонаҳои истиқоматии ҷамоати Ёва ба амал омад.

Гуфта мешавад, кормандони Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ дар муддати кӯтоҳ оташи азимро хомӯш карданд, вале натавонистанд ҷони 4 нафар аъзои ин хонадонро аз марг наҷот диҳанд. Дуди ғализ ва забонаи оташ, ки ҳама роҳҳои хуруҷро баста буд, сабаби фавти бошандагони хона гардид.

Дар ин ҳодиса падари хонадон Абдуалӣ Раҷабови 28-сола, ҳамсараш Сайида Раҷабоваи 25-сола ва ду тифли онҳо – Сафияи чаҳорсола ва Кабирҷони сесола ҳалок шуданд.

Мақомоти дахлдор сабабҳои сӯхторро таҳлил ва омилҳои марги аҳли оиларо тафтиш мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, дар истифодаи таҷҳизоти барқӣ эҳтиёткор бошанд. Бахусус, шабҳангом, ки вақти хобу истироҳат аст, бояд кулли таҷҳизоти барқиро хомӯш кунанд. Ҳамеша ноқилҳои барқиро хабар гиранд ва агар ҷойе ноҷӯрӣ ё мушкилеро мушоҳида карданд, фавран бартараф созанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.