Бонки ҷаҳонӣ баҳри солимгардонии “Барқи тоҷик” $134 млн ҷудо мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ грант ба маблағи 134 млн долларро барои татбиқи лоиҳаи “Солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ” тасдиқ кард.

Тавре дафтари матбуоти Бонки ҷаҳонӣ хабар медиҳад, лоиҳа ба беҳбуди қобилияти фаъолият ва истеҳсолнокӣ, ҳамчунин мусоидат ба идоракунии нисбатан муассири ширкати “Барқи тоҷик” равона шудааст.

Ширкат аксари нерӯгоҳҳои барқиро дар ихтиёр дошта, онҳоро идора мекунад. Ҳамчунин ба пешниҳоди хизматрасониҳо дар интиқол ва тақсимоти барқ ба тақрибан 9 млн аҳолии Тоҷикистон бо фарогирии сокинони ҳамаи минтақаҳо, ба ҷуз ВМКБ масъул аст.

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки “Барқи тоҷик” ба як қатор мушкилоти молиявӣ ва амалиётӣ дучор шудааст.

“Тарифи мувозин ба барқи пасттар аз ҷуброни хароҷот, сатҳи ноустувор ва афзояндаи қарз, сатҳи пасти ҷамъоварии маблағ аз рӯйи ҳисобҳои гузошташуда барои истифодаи барқ, норасоиҳо дар истифода ва таҷрибаи ғайриоқилона дар идоракунӣ ба он оварда расониданд, ки ширкат ба мушкилоти молиявӣ гирифтор аст”, – қайд мекунанд онҳо.

Тадбирҳое, ки дар доираи лоиҳаи “Солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ” маблағгузорӣ мешаванд, аз барқарор кардан ва таҷдиди зерсохтори таъминот бо барқ, беҳбуди ҷамъоварии маблағ аз рӯйи ҳисобҳои гузошташуда, расидан ба тарифҳои сатҳи ҷуброни хароҷот, коҳиши талафоти барқ, танзими қарз ва пардохти саривақтии он, ҳамгироии тарзҳои оқилонаи идоракунии умумӣ ва шаффофият дар ҳошияи фаъолияти амалиётию молиявии ширкат иборатанд.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс интизор дорад, ки “лоиҳаи солимгардонии молиявии “Барқи тоҷик” ба қобилияти ин корхона дар пешниҳоди хизматрасониҳои хушсифат ба аҳолӣ, ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ ва истифодаи комили имконоти содироти нерӯи барқ дар минтақа таъсири назаррас мегузорад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...