Бонки ҷаҳонӣ баҳри солимгардонии “Барқи тоҷик” $134 млн ҷудо мекунад

Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ грант ба маблағи 134 млн долларро барои татбиқи лоиҳаи “Солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ” тасдиқ кард. Тавре дафтари матбуоти Бонки ҷаҳонӣ хабар медиҳад, лоиҳа ба беҳбуди қобилияти фаъолият ва истеҳсолнокӣ, ҳамчунин мусоидат ба идоракунии нисбатан муассири ширкати “Барқи тоҷик” равона шудааст. Ширкат аксари нерӯгоҳҳои барқиро дар ихтиёр дошта, онҳоро идора мекунад. […]

Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ грант ба маблағи 134 млн долларро барои татбиқи лоиҳаи “Солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ” тасдиқ кард.

Тавре дафтари матбуоти Бонки ҷаҳонӣ хабар медиҳад, лоиҳа ба беҳбуди қобилияти фаъолият ва истеҳсолнокӣ, ҳамчунин мусоидат ба идоракунии нисбатан муассири ширкати “Барқи тоҷик” равона шудааст.

Ширкат аксари нерӯгоҳҳои барқиро дар ихтиёр дошта, онҳоро идора мекунад. Ҳамчунин ба пешниҳоди хизматрасониҳо дар интиқол ва тақсимоти барқ ба тақрибан 9 млн аҳолии Тоҷикистон бо фарогирии сокинони ҳамаи минтақаҳо, ба ҷуз ВМКБ масъул аст.

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки “Барқи тоҷик” ба як қатор мушкилоти молиявӣ ва амалиётӣ дучор шудааст.

“Тарифи мувозин ба барқи пасттар аз ҷуброни хароҷот, сатҳи ноустувор ва афзояндаи қарз, сатҳи пасти ҷамъоварии маблағ аз рӯйи ҳисобҳои гузошташуда барои истифодаи барқ, норасоиҳо дар истифода ва таҷрибаи ғайриоқилона дар идоракунӣ ба он оварда расониданд, ки ширкат ба мушкилоти молиявӣ гирифтор аст”, – қайд мекунанд онҳо.

Тадбирҳое, ки дар доираи лоиҳаи “Солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ” маблағгузорӣ мешаванд, аз барқарор кардан ва таҷдиди зерсохтори таъминот бо барқ, беҳбуди ҷамъоварии маблағ аз рӯйи ҳисобҳои гузошташуда, расидан ба тарифҳои сатҳи ҷуброни хароҷот, коҳиши талафоти барқ, танзими қарз ва пардохти саривақтии он, ҳамгироии тарзҳои оқилонаи идоракунии умумӣ ва шаффофият дар ҳошияи фаъолияти амалиётию молиявии ширкат иборатанд.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс интизор дорад, ки “лоиҳаи солимгардонии молиявии “Барқи тоҷик” ба қобилияти ин корхона дар пешниҳоди хизматрасониҳои хушсифат ба аҳолӣ, ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ ва истифодаи комили имконоти содироти нерӯи барқ дар минтақа таъсири назаррас мегузорад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.