ВКХ ҶТ: Раъйдиҳӣ дар хориҷа бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ҷараён дорад

Asia-Plus

Дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа қитъаҳо оид ба интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 1-уми март ба кори худ оғоз карданд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, аз соатҳои аввали кушода шудани қитъаҳои интихоботӣ чорабинии муҳимми сиёсӣ дар ҳаёти кишвар бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандон оғоз гардид.

Гуфта мешавад, ки дар сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ барои иштироки шаҳрвандони кишвар дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон муҳайё гардидааст.

“Бо мақсади таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандоне, ки муваққатан ё ба таври доимӣ берун аз кишвар қарор доранд, дар 39 муассисаи дипломативу консулии Тоҷикистон дар Австрия, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Беларус, Белгия, Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Кувайт, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Малайзия, Миср, Озарбойҷон, Олмон, Покистон, Русия, Туркия, Туркманистон, Украина, Ӯзбекистон, Фаронса, Ҳиндустон, Чин, Ҷумҳурии Корея, Швейтсария, Эрон ва Япония қитъаҳои интихоботӣ таъсис шудаанд”, – хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии ҶТ.

“Шахсоне, ки синнашон ба 18 расидааст ва дорои шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд, метавонанд ба қитъаи интихоботӣ ҳозир шуда, мавқеи шаҳрвандии худро баён кунанд. Дар хориҷа кори қитъаҳои интихоботӣ то 20:00 бо вақти маҳаллӣ идома хоҳад ёфт", – омадааст дар хабари вазорат.

Дар ҳамин ҳол, шумори зиёди шаҳрвандон ба назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав омадаву барои овоздиҳӣ дар навбат истодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...