Дар баъзе ҳавзаҳои интихоботии Хатлон беш аз 50% раъй доданд

Иштироки раъйдиҳандагон дар як қатор ҳавзаҳои ҷумҳуриявии интихоботӣ дар Хатлон то соати 10-и имрӯз аз 50% гузаштааст. Тавре аз ҳавзаи якмандатаи ҷумҳуриявии Кушониён-27 хабар доданд, 55,6 дарсади овоздиҳандагон ба қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, райъи худро додаанд. Ҳамзамон дар ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун-33 сари сандуқи раъйдиҳӣ 61 фоизи интихобкунандагон рафтаанд. Дар ҳавзаи Бохтар-26 то соати 10 аллакай 40,2% овоз додаанд. Раиси вилояти […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Иштироки раъйдиҳандагон дар як қатор ҳавзаҳои ҷумҳуриявии интихоботӣ дар Хатлон то соати 10-и имрӯз аз 50% гузаштааст.

Тавре аз ҳавзаи якмандатаи ҷумҳуриявии Кушониён-27 хабар доданд, 55,6 дарсади овоздиҳандагон ба қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, райъи худро додаанд. Ҳамзамон дар ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун-33 сари сандуқи раъйдиҳӣ 61 фоизи интихобкунандагон рафтаанд. Дар ҳавзаи Бохтар-26 то соати 10 аллакай 40,2% овоз додаанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар қитъаи интихоботии №5-и ҳавзаи интихоботии Бохтар-26 раъй дод. Вақте ӯ баргаҳои худро ба сандуқи раъйдиҳӣ мерехт, гуфт: “Барои ободии Ватан овоз медиҳем”.

Раиси вилоят дар қитъаи мазкур ба якчанд ҷавононе, ки бори аввал ба интихобот омадаанд, китоб ва гулдаста туҳфа кард.

Ҳамзамон Қурбон Ҳакимзода ба мушоҳидони байнулминалӣ аз Қазоқистон, ки дар ин қитъаи интихоботӣ ҳузур доштанд, хайрамақдам гуфт.

Дар ҳамин ҳол, аз Комисия интихоботи маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон хабар доданд, ки то соати 10 дар ҳамаи участкаҳои интихоботии вилояти Хатлон 41,5% райъдиҳандагон ҳозир шудаанд.

Дар чанд ҳавзае, ки хабарнигори “Азия-Плюс” бо масъулинашон суҳбат кардааст, иброз доштаанд, ки то он дам аз ягон ҳизби сиёсӣ ва ё намояндагони онҳо шикояте ворид нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.