Раҳматилло Зойиров: “Ҳизби мо парлумонӣ мешавад”

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров субҳи имрӯз дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ овоз дод. “Ҳизби мо ин сафар парлумонӣ мешавад. Дуюм масъала – то кадом дараҷа ин интихобот дар ҳақиқат шаффоф, озод ва демократӣ баргузор мегардад. Ман чандин бор таъкид кардам, ки ба демократӣ ва шаффоф будани интихобот боварӣ надорам. Акнун дар ҳақиқат […]

Баҳриддин Давлатов, Asia-Plus

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров субҳи имрӯз дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ овоз дод.

“Ҳизби мо ин сафар парлумонӣ мешавад. Дуюм масъала – то кадом дараҷа ин интихобот дар ҳақиқат шаффоф, озод ва демократӣ баргузор мегардад. Ман чандин бор таъкид кардам, ки ба демократӣ ва шаффоф будани интихобот боварӣ надорам. Акнун дар ҳақиқат то кадом дараҷа демократӣ, озод ва шаффоф хоҳад шуд, дар охири рӯз – вақте натиҷагирӣ мешавад, инро мебинем”, – изҳор дошт ба хабарнигорон Раҳматилло Зойиров.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон афзуд: “Одамон ба ман аз соати 6:05-и субҳ  занг зада, гуфтанд, ки ба тарафдории шумо дар қитъаи интихоботӣ овоз додем”. 

Дар баробари ин, Раҳматилло Зойиров бовар надорад, ки дар Тоҷикистон 4,9 миллион нафар интихобкунандагон ҳастанд. Ба ақидаи ӯ, шумораи воқеӣ камтар аст. “Боз як масъалаи дигар – ман фикр мекунам, ки ба интихобот шумораи ками одамон мераванд. Ҳатто агар каме бештар аз 50% овоз диҳанд, ин натиҷаи назаррас мешавад”, – гуфт раиси ҲСДТ.

Тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ, то соати 12:00-и имрӯз аз шумори умумии интихобкунандагон 2 миллиону 323,6 ҳазор нафар ё 47,1% раъй доданд.

Дар ин бора КМИР ҳар 3 соат иттилооти нав пешниҳод хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.