Имзои созишномаи истиқрори сулҳ байни “Толибон” ва ИМА бо ҳузури вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон

Аваз Юлдошев

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 29-уми феврал дар Давҳа дар маросими баимзорасонии созишномаи истиқрори сулҳ дар Афғонистон байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷунбиши Толибон иштирок кард.

Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, дар ин маросим инчунин вазирони корҳои хориҷии ИМА, Қатар, Норвегия, Индонезия, Туркия, Покистон, Умон, Ӯзбекистон, Туркманистон, намояндагони махсуси Русия, Қазоқистон ва Ҷопон оид ба Афғонистон ҳузур доштанд.

Имзои созишномаи мазкур бо миёнҷигарии Қатар сурат гирифта, қадаме дар раванди поён бахшидани ҷанг дар Афғонистон ва заминае барои шурӯъи муколамаи байниафғонӣ арзёбӣ мегардад.

Зикр мешавад, ки дар ҳошияи чорабинии мазкур суҳбат ва мулоқотҳои кӯтоҳи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазирони корҳои хориҷии ИМА М.Помпео, Ӯзбекистон – А.Комилов Туркманистон – Р.Мередов баргузор шуданд.

Моҳияти созишнома

Мувофиқи шартҳои созишнома, ҳукумати Афғонистон бояд то 29-уми май бо Шӯрои амнияти СММ дар бораи хориҷ кардани “Толибон” аз рӯйхати таҳримҳо гуфтушунид гузаронад. Вашингтон уҳдадор шуд, ки то 27-уми август гурӯҳро аз феҳристи таҳримҳо хориҷ мекунад.

ИМА ҳамчунин ваъда дод, ки давоми 135 рӯз шумори низомиёнашро дар Афғонистон то 8,6 ҳазор нафар кам мекунад. Иҷрои ин шарт ба он вобаста хоҳад буд, ки Толибон то кадом андоза уҳдадориҳои худро дар доираи ин созишнома иҷро мекунанд. Толибон дар навбати худ ба даст кашидан аз ҳамлаҳо дар қаламрави Афғонистон уҳдадор мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, ИМА бояд аз истифодаи нерӯ бар зидди тамомияти қаламрави Афғонистон худдорӣ варзида, ҳамчунин ба сиёсати дохилии ин кишвар дахолат накунад. ИМА ҳамчунин ҳамасола барои омӯзиш, машварат ва муҷаҳҳаз гардонидани нерӯҳои амнияти Афғонистон ба ин кишвар кумак мекунад. Ҳукумати Афғонистон дар навбати худ ҳамчун иродаи нек то 5 ҳазор толибони маҳкумшударо ба ивази озодии 1 ҳазор кормандони нерӯҳои амниятӣ, ки дар асорати Толибон қарор доранд, озод мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.