Пешвои коммунистони тоҷик вакили парлумон интихоб шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар интихоботи рӯзи 1-уми март ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҳавзаи нитихоботии №38-и Муъминобод раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Меҳроҷ Абдуллоев ғолиб шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳавзаи интихоботии мазкур хабар доданд.

Дар ин ҳавзаи интихоботӣ 5 номзад рақобат карданд, ки сетои онҳо аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон буданд. Ба ҷонибдории Меҳроҷ Абдуллоев наздики 65%-и интихобкунадагон овоз доданд.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботии аввали баҳори соли 2015 бори нахуст дар таърих Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ наёфта, ин нокомӣ боиси ивази пешвои он гардид.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба соҳибистиқлолӣ расидани Тоҷикистон аз сентябри соли 1991 то июли соли 2016 сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов билоиваз Ҳизби коммунистро роҳбарӣ кард.

Моҳи июли соли 2016 Исмоил Талбаков раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи декабри ҳамон сол аз олам даргузашт.

Меҳроҷ Абдуллоев 22-юми апрели соли 2017 раиси ҲКТ интихоб шуд. Ӯ пешвои сеюми Ҳизби коммунисти Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.