Марде 30 нафарро дар маркази савдои Филиппин гаравгон гирифт

Дар маркази савдои пойтахти Филиппин – шаҳри Манила як марди мусаллаҳ 30 нафарро гаравгон гирифт. Тавре хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад, ин ҳодиса дар маркази савдои Greenhills mall ба амал омада, ҷинояткор собиқ посбони ин марказ будааст. Гуфта мешавад, пас аз тирпарронӣ ва захмӣ шадуни як нафар, кормандони пулис марказро иҳота кардаанд. Тавре CNN Philippines хабар […]

Asia-Plus

Дар маркази савдои пойтахти Филиппин – шаҳри Манила як марди мусаллаҳ 30 нафарро гаравгон гирифт.

Тавре хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад, ин ҳодиса дар маркази савдои Greenhills mall ба амал омада, ҷинояткор собиқ посбони ин марказ будааст.

Гуфта мешавад, пас аз тирпарронӣ ва захмӣ шадуни як нафар, кормандони пулис марказро иҳота кардаанд. Тавре CNN Philippines хабар медиҳад, шахси маҷруҳ дар бемористон бистарӣ шуда, вазъи солимиаш муътадил аст.

Тибқи маълумоти шаҳрдорӣ, собиқ посбони марказ эҳтимол бо силоҳи оташфишон ва норинҷакҳо мусаллаҳ аст. Айни замон бо ӯ гуфтушунид ҷараён дошта, мард обу ғизо дархост кардааст.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, посбонро хадамоти амният чанде пеш аз кор озод кардааст. Ӯ аз ҳамтоёни худ дархост карда будааст, ки ба ӯ ҳамроҳ шаванд, лекин онҳо рад кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.