Пешвои коммунистони тоҷик вакили парлумон интихоб шуд

Дар интихоботи рӯзи 1-уми март ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҳавзаи нитихоботии №38-и Муъминобод раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Меҳроҷ Абдуллоев ғолиб шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳавзаи интихоботии мазкур хабар доданд. Дар ин ҳавзаи интихоботӣ 5 номзад рақобат карданд, ки сетои онҳо аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон буданд. Ба ҷонибдории Меҳроҷ Абдуллоев наздики 65%-и интихобкунадагон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар интихоботи рӯзи 1-уми март ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҳавзаи нитихоботии №38-и Муъминобод раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Меҳроҷ Абдуллоев ғолиб шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳавзаи интихоботии мазкур хабар доданд.

Дар ин ҳавзаи интихоботӣ 5 номзад рақобат карданд, ки сетои онҳо аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон буданд. Ба ҷонибдории Меҳроҷ Абдуллоев наздики 65%-и интихобкунадагон овоз доданд.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботии аввали баҳори соли 2015 бори нахуст дар таърих Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ наёфта, ин нокомӣ боиси ивази пешвои он гардид.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба соҳибистиқлолӣ расидани Тоҷикистон аз сентябри соли 1991 то июли соли 2016 сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов билоиваз Ҳизби коммунистро роҳбарӣ кард.

Моҳи июли соли 2016 Исмоил Талбаков раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи декабри ҳамон сол аз олам даргузашт.

Меҳроҷ Абдуллоев 22-юми апрели соли 2017 раиси ҲКТ интихоб шуд. Ӯ пешвои сеюми Ҳизби коммунисти Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.