Имкони ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратии Фаронса дар Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Рӯзи 3 март зимни вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо мушовири президенти Фаронса оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Паскал Лоро ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдар масъалаи имкони ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратии Фаронса дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

“Ҷонибҳо атрофи масоили омодасозии мутахассисони соҳибмалака дар самти низоми бонкӣ, рушди ҳисобҳои муросилотӣ (корреспондентӣ) миёни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистону Фаронса, ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратии Фаронса дар Тоҷикистон табодули назар карданд”, – хабар медиҳад шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ.

Дар низоми бонкии Тоҷикистон айни замон филилаи бонки эронии “Тиҷорат”, бонки фаръии Бонки миллии Покистон, ҳамчунин бонки фаръии Бонки халқии Қазоқистон – “Халиқ Бонк Тоҷикистон” фаъолият доранд.

Ғайр аз ин, сармоягузориҳои хориҷӣ ва байнулмилалӣ дар сармояҳои Аввалин бонки молиявии хурд, “Кафолатбонк” (Эрон) ва бонки “Арванд” вуҷуд доранд.

Сармутахассиси Раёсати таҳлили бонкии департаменти нозироти бонкии БМТ Суҳайлӣ Абдулваҳҳобов чанд рӯз қабл дар ҷараёни кори мизи гирд дар Душанбе изҳор дошт, ки низоми бонкии Тоҷикистон барои ҳама гуна сармоягузориҳои нав боз аст, “танҳо муҳимаш он аст, ки ин сармоягузориҳо устувор бошанд”.

“Дар ҳоле, ки сармояи ҳатмии оинномавӣ аз 80 млн сомонӣ то ба 50 млн сомонӣ кам карда шуд”, – иброз дошт ӯ.

Абдулваҳҳобов қайд кард, ки раҳбарияти БМТ тез-тез бо сармоягузорони хориҷӣ вохӯриҳо гузаронида, “дар ин кор як манфиатдории муайян зоҳир мешавад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...