Имкони ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратии Фаронса дар Тоҷикистон

Рӯзи 3 март зимни вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо мушовири президенти Фаронса оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Паскал Лоро ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдар масъалаи имкони ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратии Фаронса дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. “Ҷонибҳо атрофи масоили омодасозии мутахассисони соҳибмалака дар самти низоми бонкӣ, […]

Рӯзи 3 март зимни вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо мушовири президенти Фаронса оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Паскал Лоро ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдар масъалаи имкони ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратии Фаронса дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

“Ҷонибҳо атрофи масоили омодасозии мутахассисони соҳибмалака дар самти низоми бонкӣ, рушди ҳисобҳои муросилотӣ (корреспондентӣ) миёни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистону Фаронса, ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратии Фаронса дар Тоҷикистон табодули назар карданд”, – хабар медиҳад шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ.

Дар низоми бонкии Тоҷикистон айни замон филилаи бонки эронии “Тиҷорат”, бонки фаръии Бонки миллии Покистон, ҳамчунин бонки фаръии Бонки халқии Қазоқистон – “Халиқ Бонк Тоҷикистон” фаъолият доранд.

Ғайр аз ин, сармоягузориҳои хориҷӣ ва байнулмилалӣ дар сармояҳои Аввалин бонки молиявии хурд, “Кафолатбонк” (Эрон) ва бонки “Арванд” вуҷуд доранд.

Сармутахассиси Раёсати таҳлили бонкии департаменти нозироти бонкии БМТ Суҳайлӣ Абдулваҳҳобов чанд рӯз қабл дар ҷараёни кори мизи гирд дар Душанбе изҳор дошт, ки низоми бонкии Тоҷикистон барои ҳама гуна сармоягузориҳои нав боз аст, “танҳо муҳимаш он аст, ки ин сармоягузориҳо устувор бошанд”.

“Дар ҳоле, ки сармояи ҳатмии оинномавӣ аз 80 млн сомонӣ то ба 50 млн сомонӣ кам карда шуд”, – иброз дошт ӯ.

Абдулваҳҳобов қайд кард, ки раҳбарияти БМТ тез-тез бо сармоягузорони хориҷӣ вохӯриҳо гузаронида, “дар ин кор як манфиатдории муайян зоҳир мешавад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.