Коронавирус нақшаи таҷлили ҷашни Наврӯзро тағйир дод

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо сабаби коронавирус дар Тоҷикистон имсол дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз сайругаштҳои оммавӣ ва намоишномаҳои театришуда баргузор намешаванд.

Як манбаъи “Азия-Плюс” дар Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус хабар дод, ки қаблан баргузории ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд пешбинӣ шуда буд.

Зикр гардида буд, ки дар намоиши театрикунонидашудаи варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар Хуҷанд рӯзи 22-юми март тибқи нақшаи созмондиҳандагони чорабинӣ, беш аз 7 ҳазор нафар иштирок хоҳанд кард.

“Чорабиниҳои ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо даъвати шумори маҳдуди меҳмонон ва ҳунармандон баргузор мешаванд”, – иттилоъ дод манбаъ.

Ба ҷуз ин, дар ситод хабар доданд, ки сайругаштҳои оммавӣ дар боғҳои фарҳангу фароғати ҷумҳурӣ ва чорабиниҳои варзишӣ доир намешаванд. 

“Дар бораи роҳандозии чунин тадбирҳо барои пешгирии паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ қарор қабул шудааст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ситод.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки дар моҳҳои охир ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд, ба қайд гирифта нашудааст.

Аммо ҳукумат дар самти пешгирии вуруд ва паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон тадбирҳо меандешад, аз ҷумла иртиботи ҳавоӣ бо чанде аз кишварҳо қатъ шуд.

Барои пешгирии паҳншавии коронавирус эҳтимол дар ҳамаи масоҷиди кишвар вазъи карантин эълон шавад. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. 

Дар назар аст, ки баъд аз зуҳри имрӯз, 4-уми март Шӯрои уламои Тоҷикистон оид ба ин масъала ҷаласа баргузор карда, тасмими дахлдор мегирад. Ҳарчанд то ҳол қарори расмӣ қабул нашудааст, аммо чанде аз имомхатибон аз намозгузорон даъват кардаанд, ки аз омадан ба масҷид худдорӣ варзанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...