Кумитаи дин: Эҳтимол дар ҳамаи масоҷиди кишвар вазъи карантин эълон шавад

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки эҳтимол дар ҳамаи масоҷиди кишвар муваққатан вазъи карантин эълон шавад. Дар назар аст, ки баъд аз зуҳри имрӯз, 4-уми март Шӯрои уламои Тоҷикистон оид ба ин масъала ҷаласа баргузор карда, тасмими дахлдор мегирад.

Сухангӯйи кумитаи мазкур Афшин Муқим мегӯяд, худдорӣ кардан аз омадан ба масҷидҳо тасмими бевоситаи худи ходимони дин аст.

“Вобаста ба ҳолатҳои алоҳида, аз ҷумла, муроҷиати чанде аз ходимони дин ба намозгузорон вобаста ба муваққатан худдорӣ варзидан аз иштирок дар намозҳои ҷамоат чунин гуфтан мумкин аст, ки ин як тасмими пешгирикунандаи бевосита худи ходимони дин ва ҳайати муассисони масоҷид мебошад, ки дар асоси вазъи баамаломада ва тавсияҳои Маркази исломии Тоҷикистон гирифта шудааст”, – гуфт Афшин Муқим.

Вай афзуд: “Чунин тасмимҳо дар дигар кишварҳои мусулмоннишин ҳам гирифта шудааст. Ҳатто Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба хотири ҳифзи сиҳатии мардум муваққатан сафари мусулмонон барои адои Ҳаҷҷи умраро мамнӯъ эълон кард”.

“Аммо дар умум дар ҳамаи масҷидҳои кишвар аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба истилоҳ вазъи карантинӣ эълон нашудааст. Эҳтимол дар рӯзҳои баъдӣ муваққатан дар ҳамаи масоҷиди кишвар вазъи карантин эълон шавад”, – иброз дошт ӯ.

Хабари аз субҳи 4-уми март муваққатан баста шудани масоҷидро ба “Азия-Плюс” имомхатибони 2 масҷиди шаҳри Душанбе тасдиқ карда, гуфтанд: “Ин тасмим барои пешгирии эҳтимоли паҳншавии коронавирус гирифта шудааст”.

Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3609 масҷиди панҷвақта, 3 ҷамоатхона ва 1 Маркази исломӣ, инчунин 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ мавҷуданд. Дар маҷмӯъ, 4054 иттиҳодияи динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. 

Қобили зикр аст, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода рӯзи 2-юми март дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва интиқоли он ба ҷумҳурӣ гуфтааст, ки масъулин ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус миёни аҳолӣ: ҷойҳои серодам, бозорҳо, масҷид, тӯю маъракаҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ бояд тадбирҳои мушаххас андешанд. 

Муовини сарвазир Ширин Исматуллозода дар ин ҷаласаи Ситод изҳор доштааст, ки то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки дар моҳҳои охир ба қаламрави Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...