Дар Душанбе Фестивали “Оши палав” баргузор мешавад

Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар шаҳри Душанбе Фестивали анъанавии “Оши палав” баргузор мешавад. Мувофиқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, фестивал рӯзи 14-уми март дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир мегардад. Раиси шаҳр дар бораи таъсиси кумитаи тадорукотии фестивал дастур дода, […]

Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар шаҳри Душанбе Фестивали анъанавии “Оши палав” баргузор мешавад.

Мувофиқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, фестивал рӯзи 14-уми март дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир мегардад.

Раиси шаҳр дар бораи таъсиси кумитаи тадорукотии фестивал дастур дода, назорати иҷрои қарор ба дӯши муовинони соҳавии раиси пойтахт вогузор шудааст.

Ба Фестивал дар пойтахт ба ҷуз ошпазҳои Душанбе, инчунин ошпазҳои маъруф аз тамоми минтақаҳои кишвар – Хатлону Суғд, Ҳисору Ваҳдат ва Турсунзодаву Рӯдакӣ даъват карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли 2018 дар Душанбе аввалин Фестивали “Оши палав” доир гардида, оши 1 тоннагиро муддати ҳашт соат 7 ошпаз таҳия карданд ва ҳамин тариқ як рекорди ба худ хоси тоҷикӣ гузоштанд.

Барои таҳияи он 250 кило биринҷ, 200 кило гӯшт, 350 кило сабзӣ, 90 литр раған, 30 кило пиёз, як кило зира, панҷ кило мавиз ва як кило нахуд истифода шуд”.

Дар аввалин Фестивали “Оши палав” дар пойтахт 200 нафар ошпазҳо аз шаҳри Душанбе, 50 нафар – аз Хатлону Суғд, 15-нафарӣ – аз Турсунзодаву Ҳисор, 30 нафар – аз ноҳияи Рӯдакӣ ва 1 ошпаз аз шаҳри Ваҳдат иштирок карданд.

Соли 2016 оши палав ба Феҳристи меросии фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.