Вазорати фарҳанг аз ҷалби донишҷӯёну хонандагон ба “маршировка” даст кашид

Date:

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба зерсохторҳои худ дастур додааст, ки аз барномаҳои театрикунонида бо иштироки донишҷӯёну хонандагон бахшида ба Иди Наврӯз даст бикашанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловуддин Абдуллозода хабар дод.

“Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ду рӯз пеш ҷаласа доир шуд. Вазири фарҳанг ба ҳамаи раёсатҳо ва дигар зерсохторҳояш дастур дод, ки ба хотири пешгирии коронавирус аз барномаҳои театрикунонида даст бикашанд. Иловатан дирӯз барқияи телефонӣ гирифтем ва машқҳои барномаи театрикунонидаро бахшида ба Иди Наврӯз қатъ кардем”, – гуфт Аловуддин Абдуллозода.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аловуддин Абдуллозода

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Диловар Исозода низ тасдиқ кард, ки аз дирӯз машқҳо барои барномаи театрикунонидаи Бохтар ва шаҳру навоҳии вилоят манъ карда шудааст.

Ба қавли Аловуддин Абдуллозода, чунин тасмим дар мувофиқа бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шудааст.

“Барномаҳои фароғатӣ аз тарафи кормандони соҳаи фарҳанг омода хоҳад шуд, вале барномаҳои театрикунонида баргузор намешаванд”, – изҳор дошт Аловуддин Абдулозода.

Вай афзуд, ки дастури манъи барномаҳои театрикунонида танҳо ба хотири пешгирии сироят ва эҳтиёт қабул шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳудуди як моҳи охир донишҷӯёну хонандагони макотиби олию миёна Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён дар варзишгоҳҳои “Пахтакор” ва “Ҷавонон”, инчунин фурудгоҳи шаҳр барномаҳои театркунонидашударо тамрин мекарданд. 

Бино ба маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ, то имрӯз, 5-уми март ягон ҳодисаи сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ “Маршировка” дар фурудгоҳи Бохтар, 18 феврали 2020 с.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

1 КОММЕНТАРИЙ

  1. Хеле хуб то иқа лақлақ гаштана бароӣ хурсанд карданӣ шоҳу навкаронаш дарс хонан беҳтар одам шаван а то одамсуратӣ ҳ/вон сират пур шдестай Душкада

Leave a Reply to Асия Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...